Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Видео : Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рӯзи ҷумъаи 30 май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, нахуст  аз осорхонаи ба номи Бобоҷон Ғафуров дидан намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, осорхонаи мазкур дар асоси дастуру супориши Президенти кишвар дар арафаи таҷлили 90 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 1998 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Осорхона аз 4 толор, таърихи таълифи китоби “Тоҷикон”, тарҷимаи ҳоли академик, сафарҳои ӯ ба хориҷа ва асарҳои эҷоднамуда иборат мебошад.

Дар осорхона дар маҷмӯъ наздик 20 ҳазор нигораҳо ва дигар асару ҳуҷҷатҳои таърихӣ мавҷуд аст. Дар ояндаи наздик ин осорхона мавриди навсозии пурра қарор дода мешавад.

Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия бо иштироки Раиси вилоят ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии кӯдакистони “Сайёра” оғоз бахшида шуд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ - Эминҷон Воситов бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои тарбияи 180 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст. Раиси вилоят аз дохили бино ва ҳуҷраҳои он дидан намуда, чунин иқдомҳои шоистаи соҳибкоронро нишонаи хуби ободониву бунёдкорӣ номид ва ба масъулин дастур дод, ки тарбияи насли ояндасоз бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Тавре зикр гардид, ин саввумин муассисаи томактабӣ дар ҷамоат ба ҳисоб рафта, айни замон 447 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд ва 554 нафари дигар дар навбат қарор доранд. Айни замон дар ин муассисаи тозабунёд 87 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва маблағи моҳонаи ин муассиса  200 сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар ин муассиса 9 гурӯҳ амал намуда, 30 нафар кормандон ҳамарӯза ба таълиму тарбияи насли ояндасоз машғул ҳастанд. Ҳамчунин дар ин ҷо гурӯҳи махсуси кӯдакони имконияташон маҳдуд амал менамояд. Онҳо мувофиқи барномаи махсус ба таълим фаро гирифта шудаанд. Умуман дар ҷамоати деҳоти Хистеварз 63 нафар чунин кӯдакон дар қайд буда, беш аз 20 нафари онҳо дар муассисаҳои томактабӣ таҳти тарбияи махсус қарор доранд.

Дар ҳамин ҷамоат бо иштироки Раиси вилоят мумфаршкунии кӯчаи ба номи Домулло Азизов оғоз ёфт. Дарозии умумии кӯчаи мазкур 1,5 км буда, он бо харҷи 2 милион сомонӣ маблағҳои буҷаи вилоят пурра асфалтпӯш карда мешавад. Дар ҳамин мавзеъ роҳбари вилоят бо аҳли деҳа, истиқоматкунандагони ин кӯча ва фаъолону соҳибкорони маҳал сӯҳбати гарму самимӣ орост. Зикр гардид, ки дар қаламрави вилоят бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ ҳамарӯза вусъати тоза гирифта, сокинон дастаҷамъона баҳри пешрафт ва бунёдкорӣ ҷаҳду талош меварзанд. Ҳамчунин Раиси вилоят аз иқдомҳои наҷиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли ҷорӣ ёдовар гашта, ҳозиринро ба касбу ҳунаромӯзӣ, аз ҷумла қолинбофиву сӯзанидӯзи ва адрасбофӣ даъват намуд. Зеро соҳибкасб гаштан дар ҳама давру замон афзалияти бештар барои пешбурди зиндагиро дорад. Ба ин васила метавон шумораи бештари занонро ба шуғли доимӣ ҷалб намуда, ба сатҳи зиндагонии онҳо таъсисри мусбӣ расонид.

Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии ба номи “Халил махсум” – и ҷамоати Хистеварз мулоқоти Раиси вилоят бо шумораи зиёди саҳмдорон сурат гирифт. Ҳини сӯҳбат Абдураҳмон Қодирӣ зикр дошт, ки дар асоси дастуру супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ ҷараён дошта, ҳадаф аз он соҳиби аслии замин намудани деҳқон ва ба ин васила боло бардоштани ҳосилнокиву сатҳи зиндагонии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ҳамчунин имкон медиҳад, то сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш дода шавад.

Раиси вилоят аз рафти сусти ислоҳоти замин дар ноҳия, алалхусус дар бархе аз ҷамоатҳо, аз ҷумла ҷамоати деҳоти Хистеварз ва Овчӣ  - қалъача изҳори нигаронӣ намуда, зикр дошт, ки таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ набояд лаҳзае ҳам қатъ карда шавад. Сипас Раиси вилоят ба гӯрӯҳи калони саҳмдорон сертификати ҳуқуқи истифодабарии заминро супорид.

Дар идомаи сафари худ Раиси вилоят бо хатсайри махсус якчанд  заминҳои кишти ноҳияро мавриди назар қарор дода, аз суст ба роҳ мондани корҳои саҳроӣ эрод гирифт. Дастур дода шуд, ки  барои коркарди агротехникии замин, аз алафҳои бегона тоза намудани он ва бо нуриҳои минераливу заҳрдоруҳо таъмин намудани заминҳо тадбирҳои мушаххаса андешида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон ҒафуровСафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров