Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Норимаса Шимомура

( 1 Овоз )

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Норимаса Шимомура

Видео : Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Норимаса Шимомура

Нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе, 29 май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Норимаса Шимомураро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ҷонибҳо ва тавсеаи он дар оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят аз ҳамкориҳои судманди тарафҳо изҳори хушҳолӣ намуда, зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда низ бо ин созмон робитаҳои хуби ҳамкориро ба роҳ мемонад. Иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ин беҳтар намудани сатҳи зиндагонии шаҳрвандон ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, боло бардоштани фаъолияти хусусӣ ва тиҷорат, рушди деҳот, дастгирии ассотсиатсияи соҳибкорон ба ҳисоб меравад.

Айни замон дар 14 шаҳру навоҳии вилоят тавассути Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон 60 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дошта, то имруз 130 лоиҳаи дигар амалӣ гаштааст. Норимаса Шимомура ба рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят баҳои баланд дод. Ҳамчунин ташкил ва баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят падидаи хубе арзёбӣ гардид, ки барои ҳалли муаммову мушкилоти сокинон  нигаронида шудааст.

Норимаса Шимомура Раиси вилоятро ба ҳамкорӣ дар самти дастгирии лоиҳа барои беҳтар намудани табодули мол байни ҷумҳуриҳои ҳамсояи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар минтақаҳои наздимарзӣ даъват намуд. Зикр гардид, ки ин ба рушди иқтисодии ду кишвар таъсири мусби хоҳад расонид. Раиси вилоят омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро барои ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо баён дошт.

Ҳини мулоқот иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар вилоят ислоҳоти замин бонизом ҷараён дошта, то имруз зиёда аз 25 ҳазор нафар саҳмдор соҳиби замини худ гаштаанд, ки ҳадафи аслии ин раванд соҳиби замин намудани деҳқон ва ба ин васила коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Умуман, давоми чор моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави вилоят 14 ҳазор нафар кам  шудааст.

Дар ин самт Раиси вилоят Норимаса Шимомураро барои дастгирии хоҷагиҳои навтаъсис, аз ҷумла бо техникаи кишоварзӣ, тухмиҳо, неруҳои миниралӣ ва обченкунакҳо даъват намуд.

Зимни сӯҳбат инчунин эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидузӣ ва адрасбофӣ маълумот дода шуда, зикр ёфт, ки дар вилоят аллакай коргоҳи нави қолинбофӣ бо тарзи эронӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имкон медиҳад, ки шумораи бештари занони хонашин ба шуғли доимӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамчунин Раиси вилоят қайд намуд, ки айни замон лоиҳаи аз худкунии 1000 гектар замини дашти Сомғор тарҳезӣ гашта, дар ин самт бунёди боғи зардолу ва олуи сиёҳ тариқи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад. Ин ташаббус аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд ва Норимаса Шимомура омодагии хешро барои ҳамкорӣ дар ин самт баён дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Норимаса ШимомураМулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Норимаса ШимомураМулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Норимаса Шимомура

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Норимаса Шимомура