Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Навсозии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ идома дорад

( 0 Овоз )

Навсозии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ идома дорад

Видео : Навсозии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ идома дорад

Тӯли як моҳ аст, ки дар боғи фарҳангӣ - фароғатӣ ба номи Камоли  Хуҷандии маркази вилоят корҳои навсозӣ ҷараён дорад. Нимаи дуюми рӯзи чоршанбе, 28 май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз рафти корҳои навсозӣ дар ҳудуди боғ бо гурӯҳи корӣ машварат доир намуд.

Дар машварати корӣ нақшаи таҷдиди боғ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Барои ҷаззоб ва ҷолибу тамошобоб намудани боғ, ки он чанд мавзеъҳои гуногунро фарогир хоҳад шуд, мутахассисону меъморон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват шудаанд.

Зимни машварат Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  ба гурӯҳи корӣ супориш дод, ки суръати корҳо тезонида шавад. Ба масъулин дастур дода шуд, ки давоми се рӯз  атраксионҳоро ба дигар ҷо кӯчонида, мавзеи боғро аз дарахтони изофагӣ тоза намоянд.

Бояд гуфт, ки даромади боғ аз Регистони назди қалъаи Хуҷанд оғоз шуда, дар ҳудуди он мақбараи Камоли Хуҷандӣ ва дар паси мақбара Хонаи миллии асри 15 бо ороишот ва нақшу нигори миллӣ қомат хоҳад афрохт. Дар ин мавзеъ инчунин таъсиси растаҳои ҳунармандон ва бунёди Чорбоғ бо дарахтони зардолую ангур, анҷиру анор ва ғайраҳо дар назар аст. Алҳол дар ҳудуди боғ корҳои бартарафкунӣ ҷараён доранд.

Боиси зикр аст, ки таҷдиду навсозии боғ дар доираи омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки соли 2015 дар вилоят бо иштироки зиёди меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

Баъди навсозӣ ва намуди дигар гирифтан боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ чун боғи таърихӣ ва фарҳангиву фароғатӣ фаъолият намуда, ба ҷои тамошои сайёҳон мубаддал мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Навсозии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ идома дорадНавсозии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ идома дорадНавсозии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ идома дорад

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Навсозии боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ идома дорад