Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода се иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳар се иншоот дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо ба истифодадиҳии онҳо чанде аз сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.
Раиси вилоят нахуст маркази савдо ва хизматрасонии «Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ намуд. Ин иншоот дар ҳудуди бозори «Муҳайё»-и шаҳри Бӯстон ҷойгир буда, бунёди он соли гузашта оғоз ёфта буд. Лоиҳаи маркази савдо ва хизматрасонии «Тоҷикистон»-ро мутахассисони КВД «Лоиҳакаш» омода кардаанд ва фармоишгари он соҳибкори Фирӯз Ҳоҷиев мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 500 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, ба иттилои масъулин дар он аз 10 то 15 нафар соҳиби корӣ мегарданд.
Дар маркази савдо ва хизматрасонии «Тоҷикистон» ҳамзамон маросими хатнасури 7 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуда, ба хурдсолон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Иншооти дуюм бинои истиқоматии панҷошёна буда, фармоишгари он ҶДММ «Разис» мебошад. Бинои истиқоматӣ дорои 53 ҳуҷра буда, дар вурудгоҳи он маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла дорухона ташкил карда мешавад. Бинои мазкур бо харҷи 3 миллион сомонӣ қомат афрохта, он бо мақсади таъмини дастрасии сокинон бо манзил сохта шудааст.
Сеюмин иншоот коргоҳи пойафзолдӯзии ҶДММ «С.Сабуров» аст, ки сохтмони он соли 2020 оғоз ёфта, дар соли ҷорӣ ба итмом расид. Дар коргоҳ пойафзолҳои тобистона барои мардону занон омода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Зимни ифтитоҳи иншоотҳо Раиси вилоят иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ густариш ёфта, саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ назаррас аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд