Хабарҳо
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳо

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳои “Боғи миллии Ваҳдат” шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки масоҳати Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” 700 гектарро ташкил медиҳад ва дар он навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда парвариш меёбад. Илова бар ин, дар муассиса бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаву ҳавзҳои моҳипарварӣ низ ташкил гардидааст.

Чуноне зимни боздиди Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷайҳун 2000 бех ниҳоли лимон ворид карда шуда, дар гармхонаи муассиса парвариш гардида истодааст ва айни замон нашъунамои ниҳолҳо хуб мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода барои нигоҳубини ниҳолҳои воридшуда ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти лимонпарварӣ ба роҳбарияти муассиса тавсияҳои судманд ироа дошт.

Сипас, Раиси вилоят аз гармхонаҳои замонавии “Бӯйи Баҳор”  боздид ба амал овард. Дар ҳашт гармхонаи “Бӯйи Баҳор” парвариши сирпиёз, қулфинай, помидор ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда шуда, сирпиёз дар муддати 200-210 рӯз омода мегардад. Қулфинай моҳи май пухта расида, барои истифодаи сокинон пешниҳод хоҳад шуд. Помидор бошад пухта расидааст ва ҳосил сари вақт ба бозорҳо ворид карда мешавад.

Ҳамзамон дар “Бӯйи Баҳор” 100 000 бех гулҳои ороишӣ парвариш ёфта истодааст, ки барои гулзорнамоии кӯчаву хиёбонҳо истифода бурда мешавад.

Имсол бори нахуст масъулин гармхонаи алоҳида ташкил карда, парвариши гули садбаргро, ки барои омода кардани дастагул пешбинӣ гардидаанд, ба роҳ монданд. Гули садбарг аз Нидерландия ворид гардида, тибқи маълумоти муассисони гармхона дар як марҳила то 40 ҳазор дона садбарги гуногунранг ҷамъоварӣ менамоянд, ки дар аввали моҳи март аллакай самараи меҳнати онҳо ба бозор бароварда мешавад.

Ин иқдом имконият медиҳад, ки талаботи аҳолӣ, бахусус дар арафаи иду чорабиниҳо бо гули садбарг қонеъ гардида, воридоти он то ҷое коҳиш дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

`

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳо