Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат”-и ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат” шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дод шуд, хоҷагии деҳқонии “Ӯткир”-и Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен соли 2016 ташкил шуда, дар хоҷагии мазкур 23 саҳмдор фаъолият намуда истодааст. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 24 гектар замин буда, аз он 11,25 гектарро заминҳои кормаи обӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагии деҳқонии “Ӯткир” 1 гектар боғ, 2 гектар гандум кишту парвариш ёфта, айни ҳол 7 гектар замин барои кишти пунбадона омода гардида истодааст. Ҳамчунин тибқи нақша дар соли 2021 дар хоҷагӣ кишти 1 гектар картошка ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 0,50 гектар картошка кишт шудааст.

Хоҷагии деҳқонии “Маърифат” бошад соли 2007 ташкил шуда, дар хоҷагии мазкур 66 нафар саҳмдор фаъолият намуда истодааст. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 60 гектар замин буда, аз он 43,21 гектарро заминҳои кормаи обӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагии деҳқонии “Маърифат” 10,70 гектар боғ, 4,51 гектар гандум, 2 гектар картошка кишт карда шуда, айни ҳол 26 гектар замин барои кишти пунбадона омода гардида истодааст. Роҳбарияти хоҷагии деҳқони тасмим гирифтааст, ки 4 гектар боғи куҳнаи анъанавиро вайрон намуда, ба ҷойи он боғи интенсивии себро бунёд созад.

Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия фаъолияти пурсамар дошта, дар самти таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас доранд.

Раиси вилоят рафти кишти картошка ва бунёди боғи себро дар ин ду хоҷагӣ мушоҳида карда, аз кишоварзон даъват намуд, ки ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода баранд. Зеро дар шароити кунунӣ набояд ягон қитъа замин аз истифода берун монад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share