Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 09.04.2021 13:29
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ба истифода доданд - 09.04.2021 13:37
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:39
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара мулоқот намуданд - 09.04.2021 15:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 10:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 13:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 11:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд - 10.04.2021 11:47
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 11:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳоти Ворух ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:21

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, бо мулоқоти корӣ пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карданд.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки то ба имрӯз миёни кишварҳои мо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон бо ин Пешвои миллат зарурати татбиқи ҳамаҷонибаи санади дар соҳаи амниятӣ баимзорасидаро, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байни мақомоти умури дохилии ду кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст, бахусус таъкид карданд.

Вобаста ба ин Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои умдаи шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар пасманзари пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти бӯҳронӣ шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ низ, ки бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷиддан таҳдид мекунад, мавриди баррасӣ қарор дошт.

Дар ин зимн ҷонибҳо нисбати иқдомҳои амалии ҳукуматҳои ду кишвар ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд