Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Таҷлили Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

22 феврали соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ суханронӣ намуда, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз он рўзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошўбҳои хиёнаткорона, кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом доданд ва дар айни замон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштанд.

Қувваҳои мусаллаҳ бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тўли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як нерўи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд.

Раиси вилоят зикр намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои заруриро андешида истодааст.

Ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиби зиндагию фаъолияти ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар ин замина, ҷиҳати ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасон ба ҷузъу томҳои Гарнизони Суғд қитъаҳои замин ҷудо ва вобаста карда шуда, ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани афсарону прапоршикон дар маҳалли хизмат низ тадбирҳои судманд андешида шуданд.

-Мо ифтихор менамоем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронида шудани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад,- илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Зикр гардид, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро таҳаввулоту ҳодисаҳои харобиовари солҳои охири сайёра, аз ҷумла вусъатёбии таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон моро водор месозанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои мусаллаҳ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, иқтидори мудофиавии мамлакатро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо пайгирона тақвият бахшем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик сафарбар сохта, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ - ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд.

Сипас, як гуруҳ афсарону сарбозон барои хизмати содиқона, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон