Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода занону бонувони собиқадорро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд - 07.03.2021 18:28
Раҷаббой Аҳмадзода бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, иқтисодиётро аёдат кард ва бо Рӯзи модар табрик намуд - 06.03.2021 18:25
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42

Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон”

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” шинос шуд.

Бояд зикр кард, ки Шаҳристон аз минтақаҳои кишоварзии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, деҳқонони ноҳия ҳамасола барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот заҳмат мекашанд. Кишоварзони ноҳия дар соли 2020 дар 16 ҳазору 584 гектар зироати гуногун кишт кардаанд ва дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 350 миллиону 437,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Дар ноҳия ба кишти картошка таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардида, аз ҳисоби заминҳои бедаи бисёрсола ва байни қатори дарахтон масоҳати кишти картошка сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” иттилоъ дода шуд, ки замини корами кооператив беш аз 365 гектар буда, хоҷагидорон соли равон дар наздик 70 гектар картошка кишт мекунанд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бояд ҳар як ваҷаб замин самараноку оқилона истифода бурда шавад. Иқлими ноҳия барои парвариши картошка мусоид аст ва бо назардошти ин бояд марҳила ба марҳила майдони кишти картошка зиёд карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон”