Хабарҳо
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иброҳим Абдураҳмонов ва Севинч Аслоноваро аёдат кард - 24.02.2021 11:41
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат”-и ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 11:27
Ташкили сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар ҶДММ “Бахт – 2016” - 24.02.2021 10:38
Шиносоӣ бо рафти таҷдиду навсозии Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 10:11
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 10:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд - 23.02.2021 20:31
Суғд: Вохўрии судманд дар мавзўи пешгирии зўроварӣ дар оила - 24.02.2021 09:15
Исфара. Афсарону сарбозони фаъол бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд - 24.02.2021 09:12
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисмҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Муссалаҳ табрик намуд - 23.02.2021 17:59
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи мудофиаро аёдат намуд - 23.02.2021 17:53

Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд

( 0 Овоз )

Озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” ҷамъбаст ва ба ғолибон диплому мукофотпулиҳо тақдим гардид.

Озмуни мазкур бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузаронида шуд.

Тибқи баҳогузории комиссияи озмуни вилоятӣ дар бахши деҳоти беҳтарин Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич сазовори ҷои аввал, Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷои дуюм, Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар бахши шаҳраки беҳтарин ҷои аввал насиби Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ҷои дуюм насиби Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод, ҷои сеюм Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт гардид.

Дар бахши деҳаи беҳтарин деҳаи Понғози ноҳияи Ашт мақоми якум, деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом мақоми дуюм ва деҳаи Дижики ноҳияи Айнӣ мақоми сеюмро ишғол карданд.

Дар бахши кӯчаи беҳтарин кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан, кӯчаи Дӯстии деҳаи Навандарсойи ноҳияи Спитамен, кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд.

Дар бахши маҳаллаи беҳтарин маҳаллаи Мусаффои деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маҳаллаи якуми шаҳри Гулистон ва маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд.

Дар бахши оилаи беҳтарин ҷои аввалро оилаи Ғуломҷон Тӯрабоев аз деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷои дуюмро оилаи Мусаббехон Бобоҷонова аз шаҳри Хуҷанд  ва ҷои сеюмро оилаи Нозимҷон Усмонов аз деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст оварданд.

Ба ғолибони озмун аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода диплому вимпел ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд. Аз ҷумла, ғолибони бахши Ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин мутаносибан бо 6000 сомонӣ, 4000 сомонӣ ва 2000 сомонӣ, деҳаи беҳтарин бо 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ, кӯчаи беҳтарин бо 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ, маҳаллаи беҳтарин бо 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва оилаи беҳтарин бо 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд