Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020

( 1 Овоз )

15 январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони вилоят доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2020 мавриди таҳлил қарор гирифт.

Раиси вилоят дар оғоз қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2020 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Новобаста аз паҳншавии пандемияи коронавируси “КОВИД-19” дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии вилоят, ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти миллӣ, таъмин карда шавад.

Сипас, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2020 гузориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳо рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд.

Ба таъсири омилҳои манфӣ нигоҳ накарда, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид.

Дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 30,3 млн. қуттии шартӣ расонда шуда, суръати афзоиш 1,5 баробар таъмин гардид.

Ҳамзамон, бинобар пеш омадани зарурат, баҳри пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус, дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли ниқобу либосҳои муҳофизатӣ ва антисептикҳо ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ то ин давра 5 миллиону 215,2 ҳазор адад ниқоби тиббӣ, 9531 адад либоси махсуси тиббӣ ва 341,3 ҳазор дона маҳлули антисептикӣ истеҳсол карда шудааст.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 млрд. 821 млн. сомонӣ расониданд, ки баробари 110,5 фоизи ҳамин  давраи соли гузашта мебошад.

Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.

Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси вилоят аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд.

Тибқи нақша дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода шуд ва нақшаи умумӣ 83,3 фоиз иҷро шудааст.

Дар соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо 11 млрд. 54,2 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3 млрд. 282,4 млн. сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2020 ба 1 млрд. 667,6 млн. доллари амрикоӣ расонида шуд. Аз ҷумла, воридот 1 млрд. 313,8 млн. доллари амрикоӣ ва содирот 353,8 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд.

Дар соли 2020 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2 млрд. 382,9 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша ҳамагӣ 102,9  фоиз таъмин карда шуд ва ба буҷет 2 млрд. 452,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 69,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра, ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1 млрд. 837,9  млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1 млрд. 839,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки баробари 100,1 фоизи нақша буда, барзиёдиҷрошавӣ 1,8 млн. сомонӣ таъмин шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Айни ҳол дар миқёси вилоят 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Дар соли 2020, дар маҷмӯъ, 39 иншооти варзишии нав бо маблағгузории буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 28,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 10,7 млн. сомонӣ  мавриди истифода қарор гирифтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Айнӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, роҳбарони як қатор идораву сохторҳои вилоятӣ пурсиш ба амал оварда, роҳбарону масъулинро вазифадор намуд, ки бобати вусъати корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус коргоҳҳои саноатӣ, содироти бештари маҳсулот корбарӣ намоянд.

Ҳамзамон, дар xаласа Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳои иrтисодиву иҷтимоӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, истифодаи самараноки замин, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, содироти маҳсулот, татбиқи саривақтии барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, бо сифати баланд бунёд намудани иншооти ҷашнӣ ва дигар масъалаҳои муҳим супоришҳо дода, изҳори боварӣ намуд, ки сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста таҷлил менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share