Хабарҳо
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иброҳим Абдураҳмонов ва Севинч Аслоноваро аёдат кард - 24.02.2021 11:41
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат”-и ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 11:27
Ташкили сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар ҶДММ “Бахт – 2016” - 24.02.2021 10:38
Шиносоӣ бо рафти таҷдиду навсозии Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 10:11
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 10:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд - 23.02.2021 20:31
Суғд: Вохўрии судманд дар мавзўи пешгирии зўроварӣ дар оила - 24.02.2021 09:15
Исфара. Афсарону сарбозони фаъол бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд - 24.02.2021 09:12
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисмҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Муссалаҳ табрик намуд - 23.02.2021 17:59
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи мудофиаро аёдат намуд - 23.02.2021 17:53

Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад

( 0 Овоз )

Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд бунёди ду адад гармхона, мағозаи фурўши гулу кўчат ва нуқтаи маслиҳатдиҳӣ оид ба парвариши онҳо  дар назар аст. Дар ин бора зимни боздид аз фаъолияти муасссаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд  ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳудуди муассисаи мазкур беш аз 8 гектарро ташкил дода, дар он ду адад гармхона бо парвариши гулҳои мавсимӣ фаъол мебошанд. Ҳоло дар ин муассисаи гулпарварӣ қариб 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш ёфта истодаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати парвариши гулҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои муассиса ва кӯчати онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то оғози фасли баҳор тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки ба таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир шавад. Дар зудтарин фурсат гармхонаҳои дигари муассиса ба кор андохта шуда, ба манфиати молии коргоҳ мутобиқ гардонида шаванд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замини муассиса тадбирҳо андешида  шуда, дар қитъаҳои алоҳида кишти кабудию сабзавот барои таъмини бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад. Ҷиҳати парвариши дарахтони нодир, ки минбаъд дар кўчаву хиёбонҳои асосии шаҳр шинонида мешаванд, чораҳои амалӣ роҳандозӣ гарданд.

Масъулини муассисаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму сабзазоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳисса гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад