Хабарҳо
БИҲИШТЕ ДАР МАСИРИ РУШД - 23.04.2021 10:31
АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД - 23.04.2021 10:29
ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ - 23.04.2021 10:29
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят - 23.04.2021 10:25
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06

Шиносоӣ бо сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз бо ҷараёни сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд, ки дар дар маҳаллаи Темурмалик, микроноҳияҳои 4-6-и шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад, ошно шуда, ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳо ва ободонии ҳудуди бино дастуру супоришҳои мушаххас дод..

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар» тартиб дода шуда, сохтмони онро ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда гирифтааст. Бинои асосӣ аз таҳхона, ва 5 ошёна иборат буда, бунёди 10 ҳуҷраҳои ёрирасон дар атрофи бино ба назар гирифта шуда, маблағи умумии лоиҳаи сохтмон  8 500 000 сомониро дарбар мегирад.

Дар таҳхона 7 утоқи корӣ ҷойгир гардида, барои шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва ошхона бо 50 ҷой пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаҳои 2-5 утоқҳои корӣ бунёд мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд