Хабарҳо
Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» доир мешавад - 27.01.2021 09:55
Ба таваҷҷуҳи ҳунармандон! Озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад - 27.01.2021 09:39
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2021 13:05
Соли 2021 тамоми кишоварзони Тоҷикистон аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд - 26.01.2021 15:04
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо карданд - 26.01.2021 13:31
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» - 26.01.2021 12:51
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 25.01.2021 15:39
Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан - 25.01.2021 15:37
Пирӯзии ду дастаи вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ - 25.01.2021 15:34
Ба Шӯроб хати оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд - 25.01.2021 09:22

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз дар шаҳри Бӯстон бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчӣ зудтар ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Суғд тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.

Дар ин раванд ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳамасола садҳо корхонаҳои нав мавриди истифода қарор мегирад.

Имрӯзҳо дар шаҳри Бӯстон бо ташаббуси соҳибкорон як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида истодааст. Аз ҷумла роҳбарияти ҶДММ “Суғд-пак” тасмим доранд, ки соли ҷорӣ боз як корхонаи навро ба истифода супоранд. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон ҷойгир буда, корҳои сохтмонии он соли 2019 оғоз ёфта буд. Барои сохтмону харидории таҷҳизоти зарурӣ 10 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он аз 50 то 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар шаҳри Бӯстон инчунин аз ҷониби ширкати “Барс” корхонаи коркарди ғалла бунёд шуда истодааст, ки бо ба фаъолият оғоз намудани он чандин нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Корхонаи коркарди ғалла бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо орд фаъолияти худро ба роҳ хоҳад монд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон