Хабарҳо
Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» доир мешавад - 27.01.2021 09:55
Ба таваҷҷуҳи ҳунармандон! Озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад - 27.01.2021 09:39
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2021 13:05
Соли 2021 тамоми кишоварзони Тоҷикистон аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд - 26.01.2021 15:04
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо карданд - 26.01.2021 13:31
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» - 26.01.2021 12:51
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 25.01.2021 15:39
Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан - 25.01.2021 15:37
Пирӯзии ду дастаи вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ - 25.01.2021 15:34
Ба Шӯроб хати оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд - 25.01.2021 09:22

Дар шаҳри Гулистон боғи истироҳатии “Темурмалик” азнавсозӣ карда мешавад

( 0 Овоз )

Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дорад.

Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ густариш ёфта,  давоми солҳои 2018-2020 157 иншоот ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.

Бунёду навсозии иншооти гуногун дар шаҳр идома дошта, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихӣ боғи истироҳатии “Темурмалик” низ азнавсозӣ карда мешавад. Тавре зимни муарифии лоиҳаи боғи мазкур ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, масоҳати боғи “Темурмалик” 3 гектарро ташкил намуда, он дар соҳили “Баҳри тоҷик” ҷойгир мебошад. Рӯзҳои наздик корҳои таҷдиду навсозии боғ оғоз ёфта, барои меҳмонону сокинони ин минтақаи сайёҳии кишвар боз як макони зебову истироҳатӣ ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва вазъи имрӯзаи боғ иброз дошт, ки дар ҳудуди макони истироҳатӣ майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳо барои машқу тамрин, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва армуғонҳо ташкил карда шавад.

Сипас, бо иштироки Раиси вилоят дар шаҳри Гулистон ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Бо назардошти минтақаи сайёҳӣ будани шаҳр ба масъулин барои тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ, шинонидани дарахтони нодир, қаламчаи гули садбарг ва дигар гулҳои ороишӣ супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар шаҳри Гулистон боғи истироҳатии “Темурмалик” азнавсозӣ карда мешавад