Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон намудани маҳсулоти ниёзи аввал ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, сабзавот, биринҷ, равған, меваҳои гуногун, шакар, орд, намак, асал, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, маҳсулоти гӯтиву қаннодӣ бо нархҳои нисбати бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардид.
Боиси зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом таъмини сокинон бо маҳсулоти нисбатан арзон мебошад.
Давоми соли 2020 дар маркази вилоят ва дигар шаҳрҳои саноатӣ беш аз 45 маротиба чунин ярмаркаҳо ташкил гардида, ҳазорҳо тонна маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди аҳолӣ гардонида шуд. Бо мақсади таъмини мардум бо маводи ғизоӣ минбаъд низ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд