Хабарҳо
Соҳибкор аз шаҳри Истаравшан - Баҳриддин Дадоев ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ кӯмак расонид - 11.05.2021 16:27
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд - 11.05.2021 10:13
Оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд - 11.05.2021 16:07
Дар муассисаҳои иҷтимоӣ бахшида ба Иди Рамазон чорабиниҳои идона доир мешаванд - 11.05.2021 14:07
Дар моҳи мубораки Рамазон ба ду нафар шахсони эҳтиёҷманд хонаҳои истиқоматӣ эҳдо карда шуд - 10.05.2021 08:15
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва боздид намуданд - 09.05.2021 15:09
Ба сокинони зарардидаи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён сару либос ва дигар лавозимот дастрас карда шуд - 09.05.2021 10:08
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд - 09.05.2021 07:00
Ҳамсоя аз хеши дур беҳ - 08.05.2021 21:40
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм - 08.05.2021 20:35

Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ

( 0 Овоз )

28 декабр дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури ғолибони озмунҳои вилоятии “Мақолаи беҳтарин”, “Озмуни вилоятӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон”, “Донишҷӯи сол-2020”, “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят-2020” ва “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2020” иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.

-Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таваҷҷӯҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ пайваста ҷиҳати дастгирии фаъолияти олимону муҳаққиқон,  устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо мақсади дастгирии ҷавонон ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, алалхусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ бо қарорҳои Раиси вилоят озмунҳои вилоятии “Мақолаи беҳтарин”(вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти оӣ ва миёнаи касбӣ), “Озмуни вилоятӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон”, “Донишҷӯи сол-2020”, “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят-2020” ва “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2020” эълон гардида буд.

Озмунҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян гардиданд. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳои вилоятӣ бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тавр, Фараҳноз Набиева – донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҳумойин Алибоев - донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Достон Шукуров – донишҷӯи ДДҲБСТ, Садаф Хоҷаева – донишҷӯи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ғолибони озмуни вилоятии “Мақолаи беҳтарин” дониста шуда, бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 500 сомонӣ, 1500 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 2500 сомонӣ сарфароз гардиданд.

Дар “Озмуни вилоятӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон” Матлуба Ниёзова бо диплом ва 3000 сомонӣ, Муҳаббат Махкамова бо диплом ва 2500 сомонӣ, Екатерина Рӯзиева бо диплом ва 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мавзуна Хабилова, Аслия Абдуллоева, Гулбаҳор Умарова, Рустам Қориев, Манижа Ҳидоятова, Ситора Устобобоева, Дилноза Абдурасулова, Муҳайё Абдусатторова, Исроилҷон Мавҷудахонӣ дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” аз рӯи равияҳои фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ баранда гардида, бо маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 800 сомонӣ то 3000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Дар озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят-2020” шахсони зерин бо диплому мукофотпулӣ сарфарор гардиданд:

-Муҳаммадҷон Абдуғаффоров – донишҷӯи Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ (7 ҳазор сомонӣ);

-Умед Насриддинов – донишҷӯи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон(5 ҳазор сомонӣ);

-Далер Қосимов – донишҷӯи ДДҲБСТ (3 ҳазор сомонӣ);

-Мақсатуллои Амонулло – хонандаи синфи 10 аз шаҳри Панҷакент(5 ҳазор сомонӣ);

-Ҷамшед Назаров – хонандаи синфи 11 аз шаҳри Хуҷанд(3 ҳазор сомонӣ);

-Сайфиддин Киромиддинов – хонандаи синфи 11 аз шаҳри Исфара (2 ҳазор сомонӣ).

Дар озмуни “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2020” бошад Шоҳҷоиза ва 12 000 сомонӣ насиби Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон шуд.

Ба масъулини Китобхонаи марказии ноҳияи Айнӣ дипломи дараҷаи якум ва 10 000 сомонӣ, Китобхонаи деҳаи Дашти деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дипломи дараҷаи ду ва 8000 сомонӣ, Китобхонаи марказии Конибодом дипломи дараҷаи се ва 6000 сомонӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ