Хабарҳо
Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд - 26.02.2021 17:26
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом - 26.02.2021 17:02
Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт - 26.02.2021 14:06
100 нафар ғолибони озмунҳои вилоятӣ қадршиносӣ гардиданд - 26.02.2021 11:08
Дар Гулистон таҳти унвони «Саҳми занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» маҳфили илмӣ-адабӣ доир шуд - 26.02.2021 11:06
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳо - 26.02.2021 10:16
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо - 26.02.2021 09:10
Баҳри пешгирии таъсири сардӣ ба боғот бо тавсияи мутахассисон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд - 26.02.2021 09:57
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иброҳим Абдураҳмонов ва Севинч Аслоноваро аёдат кард - 24.02.2021 11:41
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат”-и ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 11:27

Хуҷанд: Дар майдони Парчами давлатӣ дарахтони нодири бисёрсола шинонида шуд

( 0 Овоз )

Имрӯзҳо дар шаҳри бостонии Хуҷанд маъракаи густурдаи ниҳолшинонӣ дар авҷ буда, шаҳрдорӣ, идораву ташкилот ва шаҳрвандони касбу кори гуногун  бо ҳисси баланди зебоипарастӣ макони зист ва кӯчаву хиёбонҳоро хуррам гардонида истодаанд. Зеро ҳамагон медонанд, ки шинондани дарахт амри хайр буда, сабаби боз ҳам сарсабзу обод шудани сарзамини аҷдодиамон мегардад.

Субҳи имрӯз низ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд бех дарахтони нодири шашметраи магнолия шинонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки чанд рӯз қабл бо ташаббусу дастгириҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои роҳбарияти вилоят ба шаҳри Хуҷанд навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан оварда шуданд  ва дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳову марказҳои фарҳангию фароғатии шаҳр шинонда мешаванд.

Маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Хуҷанд: Дар майдони Парчами давлатӣ дарахтони нодири бисёрсола шинонида шуд