Хабарҳо
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иброҳим Абдураҳмонов ва Севинч Аслоноваро аёдат кард - 24.02.2021 11:41
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат”-и ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 11:27
Ташкили сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар ҶДММ “Бахт – 2016” - 24.02.2021 10:38
Шиносоӣ бо рафти таҷдиду навсозии Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 10:11
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 10:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд - 23.02.2021 20:31
Суғд: Вохўрии судманд дар мавзўи пешгирии зўроварӣ дар оила - 24.02.2021 09:15
Исфара. Афсарону сарбозони фаъол бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд - 24.02.2021 09:12
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисмҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Муссалаҳ табрик намуд - 23.02.2021 17:59
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи мудофиаро аёдат намуд - 23.02.2021 17:53

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат

( 0 Овоз )

25 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён” бо собиқадорони меҳнат мулоқот орост.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат родмардони арсаи меҳнату диловарӣ, собиқадорони ҷангу меҳнатро ба фарорасии Соли нави мелодии 2021 табрику таҳният намуда, ба онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, осоишу амонӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардидааст ва қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост. Миқдори умумии нафақагирон дар вилоят 235062 нафар буда, 450 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебаранд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз дастгириҳои давлатӣ нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат ёдовар шуда, иброз дошт, ки ба истиқболи ҷашни 75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар ҷанг  ҳалокшуда 738 ҳазор сомонӣ кўмакпулии яквақта пардохт карда  шуд.

Ба ҳифзи саломатии собиқадорони ҷангу меҳнат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, таноҳо дар соли равон аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳо 77 ҳазор  сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 69 нафар эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳ саломатии худро барқарор намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода оид ба фаъолияти Ташкилоти собиқадорони вилоят низ ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки ин ташкилот 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилоти собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии вилояти Суғд ва 302 ташкилотҳои ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Бештар аз 3000 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар ташкилотҳои собиқадорон иҷро менамоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки собиқадорон минбаъд низ дар рушди босуботи кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу осоиштагӣ ва тарбияи маънавии насли фардосози миллат, яъне ҷавонону наврасон саҳми шоиста мегузоранд.

Дар охир собиқадорони меҳант барои таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгириҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Аз ҷониби Раиси вилоят ба собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои идонаи солинавӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат