Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти рўзмарраи кормандони идораи партовкашонӣ шиносоӣ намуда, ба онҳо кўмакҳои ғизоӣ расонд

( 0 Овоз )

Имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз фаъолияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» боздид ба амал оварда, кулли кормнадони ин муассисаи ободонии шаҳрро бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо кўмакҳои ғизоӣ тақдим карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз ҳолати нигоҳдории техникаву таҷҳизот ва раванди корҳои созандагӣ дар ҳудуди КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ошноӣ пайдо намуда, ҷиҳати суръатбахшии корҳои бунёдкорӣ ва ташкили шароити арзандаи фаъолият барои кормандон ҳидоятҳо намуд.

Таъкид шуд, ки аз фаъолияти бонизоми корхонаи мазкур тозагии шаҳр ва саломатии сокинони вобастагӣ дорад. Бояд кормандон ҳамарўза ҷиҳати саривақт гирифтани партов аз ҳудуди шаҳр фаъолнокӣ зоҳир намоянд ва масъулияти ҷиддӣ дар самти тозагии шаҳр ва ороста намудани кўчаву хиёбонҳоро дошта бошанд. Аз симо ва рафтори кормандони ин ниҳод ба шаҳр ва маданияти шаҳрдорӣ баҳо медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки баҳри рушди корхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он таҷдиди корхона ва харидории техникаву таҷҳизот роҳандозӣ гардидааст. Алҳол бунёди мошинсарой ва толори таъмиру таҷҳизоти техникаҳои корхона бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ягона муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта мебошад, ки барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, фаъолият мебарад. Корхона реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 22 адад нақлиётҳои партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро саривақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Ҳамарӯза партов тибқи реҷаи муайян, яъне басти аввал: аз соатҳои 5:00 то 12:00, басти дуюм бо усули бонгӣ, яъне дар дохили маҳаллаҳое, ки партовҷойи муайян надоранд соатҳои 8:00 17:00 ва басти сеюм аз 17:00 то 24: 00 муқаррар шуда, дар ин замонҳо партовҳо бароварда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share