Хабарҳо
Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд - 26.02.2021 17:26
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом - 26.02.2021 17:02
Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт - 26.02.2021 14:06
100 нафар ғолибони озмунҳои вилоятӣ қадршиносӣ гардиданд - 26.02.2021 11:08
Дар Гулистон таҳти унвони «Саҳми занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» маҳфили илмӣ-адабӣ доир шуд - 26.02.2021 11:06
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳо - 26.02.2021 10:16
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо - 26.02.2021 09:10
Баҳри пешгирии таъсири сардӣ ба боғот бо тавсияи мутахассисон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд - 26.02.2021 09:57
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иброҳим Абдураҳмонов ва Севинч Аслоноваро аёдат кард - 24.02.2021 11:41
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ӯткир” ва “Маърифат”-и ноҳияи Спитамен - 24.02.2021 11:27

Дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил карда мешавад

( 0 Овоз )

Дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ибтикори Корпоратсияи “Моҳии тоҷик” дар масоҳати 4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил карда мешавад. Дар ин бора зимни муаррифии лоиҳаи ҳавзҳои моҳипарварӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд.

Корпоратсияи “Моҳии тоҷик” тасмим дорад, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди моҳипарварӣ ва афзун намдуни ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар вилоят дар масоҳати 4 гектар 20 ҳавзи моҳипарварӣ бунёд созад. Ҳавзҳои моҳипарварӣ бо риояи стандартҳои замони муосир сохта шуда, дар онҳо парвариши гулмоҳӣ ба роҳ монда мешавад.

Раиси вилоят бунёди ҳавзҳои моҳипарвариро ҷиҳати рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда,  ташкили чунин ҳавзҳоро дар дигар минтақаҳои вилоят низ зарур шуморид. Таъкид гардид, ки дар вилоят барои рушди моҳипарварӣ имконоти зиёд мавҷуд буда, сол ба сол теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфта истодааст.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳавзҳои моҳипарварии соҳибкорони маҳаллӣ шинос гардида, барои афзун намудани теъдоди моҳӣ ва ҳавзҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил карда мешавад