Хабарҳо
Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон - 03.12.2020 19:54
Маросими супоридани стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 03.12.2020 13:17
Баргузории даври вилоятии озмунҳои “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” - 03.12.2020 10:17
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Форел» - 03.12.2020 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 03.12.2020 09:52
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд - 03.12.2020 09:44
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд - 03.12.2020 08:46
Соҳибкор Фаррух Амонов дар дурдасттарин деҳаи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард - 01.12.2020 14:07
Дар шаҳри Гулистон тавассути ҳашар 1000 бех ниҳолҳои ороишиву бисёрсола шинонида шуд - 01.12.2020 13:28
Дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишӣ бунёд гардид - 01.12.2020 13:20

Суғд: Гуруҳи калони даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

( 2 Овоз )

4 - уми октябри соли 2020 дар Амфитеатри Қасри Арбоб ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, устодону донишҷӯён, ҷавонони фаъол ва волидони даъватшавандагон иштирок доштанд

Раиси вилоят зимни суханронии хеш зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

Воқеан ҳам Артиши  миллии мо ба мактаби тарбияи ватандустию ватандорӣ ва мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обу тобёфтаро ба камол расонидааст. Ҳатто дар лаҳзаҳои хеле мушкил, ҳамчун ҳомиёни содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонати мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати навини тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд.

Бояд таъкид намуд, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан, амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобата ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони сини даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакт беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

-Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ, далели садоқати онҳо ба арзишҳои олии башарпарварӣ, орзуву омол ва ормонҳои миллии мебошад. Насли ҷавон дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад,- гуфт Раиси вилоят.

Ҳамзамон, Раиси вилоят дар суханрониаш зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро мунтазам ба роҳ мондааст. Аз ин рў, соли равон дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сафи ихтиёриён зиёд гардида, имрўз корҳои тарғиботию ташвиқотӣ боиси он гардид, ки беш аз 1300 нафар ҷавонони чусту чолок бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар марҳилаи аввали гусели даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ноҳияи Шаҳристон тавонист нақшаи даъватро пеш аз мўҳлат иҷро намояд. Инчунин, шаҳру навоҳиҳои Гулистон 84, Кўҳистони Мастчоҳ 70, Спитамен 68, Зафаробод 63, Ҷаббор Расулов 61, Ашт 60 ва шаҳри Панҷакент 60 фоизи нақшаи даъватро иҷро намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар вазъияти имрўза барои  будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои оинномавии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки дигар ҳамсолони даъватшавандагон низ бо дарки масъулияти фарзандиву шаҳрвандӣ ва ҳидояти волидони худогоҳашон, ҳамчун номбардорони падару бобоёни шуҷои худ, дар рўзҳои наздиктарин барои хизмати Модар – Ватан  камари ҳиммат мебанданд.

- Боварии комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро карда, марзҳои Ватани азизамонро ҳимоя менамоянд ва иқтидори мудофиавии мамлакатро густариш мебахшанд, - таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар ин рӯз барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуда, барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Суғд: Гуруҳи калони даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд