Хабарҳо
Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон - 03.12.2020 19:54
Маросими супоридани стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 03.12.2020 13:17
Баргузории даври вилоятии озмунҳои “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” - 03.12.2020 10:17
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Форел» - 03.12.2020 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 03.12.2020 09:52
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд - 03.12.2020 09:44
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд - 03.12.2020 08:46
Соҳибкор Фаррух Амонов дар дурдасттарин деҳаи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард - 01.12.2020 14:07
Дар шаҳри Гулистон тавассути ҳашар 1000 бех ниҳолҳои ороишиву бисёрсола шинонида шуд - 01.12.2020 13:28
Дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишӣ бунёд гардид - 01.12.2020 13:20

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор

( 0 Овоз )

3 октябри соли равон дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ иброз дошт, ки ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Таъкид карда шуд, ки имсол ҳосил сари вақт пухта расидааст ва вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки онро пурра ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои пахтатозакунӣ супорем.

Тибқи маълумоти фаврӣ ҳамарӯза дар ҷамъоварии пахта беш аз 63 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён иштирок ва зиёда аз 3,3 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда истодаанд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як чинакчӣ 52-54 килограммӣ рост меояд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳашарчиёни ҳимматбаланд дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта фаъолона ширкат варзида, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳосили пухта расида сари вақт ва беталаф ҷамъ оварда шавад.

Сипас, ғолибони даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор эълон гардида, бо қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилояти Суғд ҷойи якум насиби пахтакорони шаҳри Конибодом гардид. Пахтакорони Конибодом то имрӯз  7216 тонна, ё баробари 54,3 фоизи нақшаи солона пахта ҷамъоварӣ намуда, бо 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Барои дастовардҳои меҳнатӣ ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани маъракаи ҷамъоварии пахта ҷойи дуюм ба ноҳияи Мастчоҳ дода шуд, ки то имрӯз дар ноҳия 11063 тонна, ё баробари 40,3 фоизи нақшаи солона пахта ҷамъоварӣ шудааст. Ба ноҳияи Мастчоҳ  10 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов миёни ҷамоатҳои пахткори вилоят аз аввалинҳо шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро 100,8 фоиз иҷро намуда, ғолиби муосибақаи меҳнатӣ ва ва соҳиби 5 000 сомонӣ гардид.

Раиси вилоят ба ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ «Вимпели сайёр» ва мукофотпулиҳоро тақдим намуда, изҳори боварӣ намуд, ки кўшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ғун доштани ҳосили пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, онҳо соли ҷориро бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст менамоянд.

Ҳамзамон ба хоҷагиҳои деҳқонии «Абдураҳмон»-и ноҳияи Ашт, ба номи С.Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Камола»-и ноҳияи Зафаробод, «Амакҷон»-и ноҳияи Мастчоҳ, ба номи Э.Бойматови шаҳри Конибодом, «Шарафнисо»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва «Янгиобод»-и ноҳияи Спитамен, ки аз хоҷагиҳои фаъол дар маъракаи пахтачинӣ маҳсуб ёфтаанд, мукофотҳои пулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ эҳдо гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки пахтакорони вилоят азм доранд, соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд. То имрӯз 52086 тонна “тиллои сафед” ба хирман рехта шудааст, ки ба 40,2 фоизи нақша баробар аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор