Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот намуданд - 30.09.2020 17:17
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомониро дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд - 30.09.2020 17:14
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд - 30.09.2020 17:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд - 30.09.2020 17:10
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд - 30.09.2020 17:06
Онлайн-конференсия: «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» - 30.09.2020 15:15
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 29.09.2020 10:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.09.2020 11:01
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Хуҷанд - 30.09.2020 13:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуданд - 30.09.2020 08:12

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрорӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд

( 0 Овоз )

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти такрории гандум оғоз бахшиданд.

Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар кишти такрорӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россия кишт карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Россия ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар ба миқдори 1000 тонна тухмии гандуми “безостая” ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла дар кишти такрорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба андешаи мутахассисон, ҳосилнокии тухмии мазкур аз 80 то 100 сентнериро дар заминҳои обӣ ташкил медиҳад.

Хоҷагидорони “Парандапарвар” ҳамасола дар заминҳои обии худ кишти сабзавот, полезӣ ва дигар меваю маҳсулоти кишоварзӣ мегузаронанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба рияои қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят карданд.

Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин  восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми меҳнаткашон бобати истифодаи самараноки замин, ки сабаби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маводи мавриди ниёзи аввал ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад, таҳсин хонданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрорӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд