Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот намуданд - 30.09.2020 17:17
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомониро дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд - 30.09.2020 17:14
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд - 30.09.2020 17:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд - 30.09.2020 17:10
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд - 30.09.2020 17:06
Онлайн-конференсия: «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» - 30.09.2020 15:15
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 29.09.2020 10:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.09.2020 11:01
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Хуҷанд - 30.09.2020 13:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуданд - 30.09.2020 08:12

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд

( 0 Овоз )

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.

Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.

Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯй маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 гр то 3 литр истеҳсол мегарданд. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмӯъ 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ дар як шабонарӯз 15 ҳазор метри мураббаъ ё 150 тоннаро ташкил медиҳад.

Ғафсии шишаи истеҳсолшаванда дар ин хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмоние, ки дар корхонаи бунёдшаванда тавлид мешавад, сайқалёфта буда, истеҳсоли он ҳанӯз дар мамлакат ба роҳ монда нашудааст.

Дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли шишаи нақшдор ва оина низ дар назар дошта шудааст. Ҳудуди умумии коргоҳи “Суғд квартс” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд карда мешавад ва дар масоҳати боқимонда иншооти ёрирасон сохта мешавад.

Корхона бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд шуда, дар он технологияи пешрафтаи аврупоӣ васлу насб мегардад.

Барои истеҳсоли маҳсулот асосан реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламит истифода мегардад, ки пурра аз конҳои дохили мамлакат дастрас карда мешавад.

Реги кварсӣ аз кони Қурғонча интиқол дода мешавад. Захираи арзёбишудаи ашёи хом дар кони мазкур зиёда аз 40 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Барои кашонидани реги кварсӣ ва дигар ашёи хоми зарурӣ 10 техника, аз ҷумла 6 мошини калони боркаш ва 3 адад механизми истихроҷкунанда сафарбар карда мешаванд. Инчунин кашонидани ашёи хом аз кон то корхона тавассути роҳи оҳани камбар низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил барои арзон шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.

Бунёди корхона ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шуда, мақсади соҳибкорон саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки бо бунёд гардидани чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз як ҷониб ҳаҷми истеҳсолот, инчунин иқтисодиёти мамлакат боло бурда мешавад, аз тарафи дигар он дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам гардидани зиндагии шоиста барои онҳо мусоидат менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд