Хабарҳо
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад - 28.10.2020 16:49
Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом - 28.10.2020 15:22
Гулистон. Беш аз 12 км роҳҳои автомобилгард мумфарш карда шуд - 28.10.2020 14:30
Роҳбарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкент мулоқот намуданд - 28.10.2020 11:08
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 28.10.2020 08:57
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 13234 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст - 27.10.2020 15:35
Маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд» 25 сола шуд - 26.10.2020 14:01
Боздиди Раиси вилоят аз сардхонаи Кооперативи тиҷоратии “Шаҳристон” - 26.10.2020 11:11
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад - 26.10.2020 10:27
Дар ноҳияи Шаҳристон қутоспарварӣ ба роҳ монда шуд - 26.10.2020 10:06

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон»-ро дар ноҳияи Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон» баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.

Масоҳати умумии боғ 4,5 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари корҳои сохтмониву навсозӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ буда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барқсохтмон» мебошад, ки бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ корҳои сохтмонию навсозиро бо сифати баланд иҷро намудааст. Барои навсозии боғи мазкур 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Даромадгоҳи асосии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мастчоҳ бо санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфта, барои назаррабо гардидани боғ беш аз 30 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст.

Сарсабзу хуррамгардонии боғи мазкур дар асоси тарҳи хос ва завқи баланд амалӣ гардида, дар ҳудуди он дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, аз қабили санавбар, ёси ҳиндӣ, сӯзанбарг, магнолия, туя, палма, юка ва дигар навъҳои зебо, ки ба муҳити атроф ва саломатии инсон таъсири хуб доранд, шинонида шудааст.

Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 4 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, 3 ҳазор метри мураббаъ майсазор шудааст, ки бо низоми муосири обёрӣ таъмин мебошад. Шабона барои равшаннамоии боғ 40 адад чароғ бо сутунпояи 9 метра ва 20 адад 2,5 метра насб гардидааст.

Барои хушу хотирмон сипарӣ намудани истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар ҳудуди боғ 2 айвон ва 40 адад нишасткурсӣ мавҷуд аст.

Шаршара ва фаввораҳои назаррабою дилкаш ба зебоии боғ ҳусни дигар зам мекунанд. Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон бошад, майдончаи бозӣ мавҷуд буда, атраксионҳои гуногун насб гардидааст.

Бо завқи баланди зебоиофарӣ дар масоҳати 200 метри мураббаъ харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Ҷиҳати муаррифии либосҳои миллӣ дар як гӯшаи боғ пайкараи бонувон насб гардидааст, ки дар тан либосҳои миллӣ доранд. Ин макон бозгӯи фарҳанги қадимаи либоспӯшии бонувони тоҷик мебошад. Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ беш аз 20 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Ҳамин тариқ, Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мастчоҳ баъд аз навсозӣ бо тарҳи зебову муосир ба истифода супорида шуд ва барои сокинону меҳмонон имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон»-ро дар ноҳияи Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд