Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 29.09.2020 10:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.09.2020 11:01
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Хуҷанд - 30.09.2020 13:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуданд - 30.09.2020 08:12
Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби «Камол – устоди бузурги забон» ба нашр расид - 30.09.2020 08:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Сино ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:27
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 29.09.2020 16:24
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:18
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Хуршеди Тоҷикистон» барои 600 ҷойро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд - 29.09.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:08

Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд

( 0 Овоз )

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони корхонаи нави хиштбарорӣ шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” соли 2019 оғоз шудааст. Корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Нуъмон Розиқов бунёд гардида, дар он аз 40 то 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Соҳибкор бо бунёди корхонаи нав мехоҳад саҳми худро барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар гузорад.

Таҷҳизоти корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда шуда, айни ҳол корҳои васлкунии таҷҳизот идома дорад.

Сохтмони корхонаи мазкур ба маблағи умумии 1,5 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 70 фисади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Корхона метавонад дар як сол то 5 миллион дона хишт истеҳсол кунад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва васлкунии таҷҳизот таъкид кард, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои соҳибкорон шароити созгор фароҳам овардааст. Соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда барои рушди соҳаи саноат ҳиссагузорӣ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода истодаанд, ки ин боиси хушҳолӣ аст.

Ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, омӯзиши бозори фурӯши маҳсулот ва дар оянда ташкил намудани ҷойҳои иловагии корӣ тасвияҳои судманд дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд