Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуданд - 30.09.2020 08:12
Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби «Камол – устоди бузурги забон» ба нашр расид - 30.09.2020 08:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Сино ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:27
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 29.09.2020 16:24
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:18
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Хуршеди Тоҷикистон» барои 600 ҷойро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд - 29.09.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ намуданд - 29.09.2020 16:08
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.09.2020 11:01
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 29.09.2020 10:53
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор озмунҳои вилоятӣ эълон менамояд - 29.09.2020 08:51

Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Деҳқони нав” ва “Файзи нур”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

1 августи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, бо рафти корҳои саҳроӣ ва ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Гулхона бо фаъолияти аъзои хоҷагиҳои деҳқонии “Деҳқони нав” ва “Файзи нур” таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Тибқи иттилои масъулин хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” соли 2008 ташкил шудааст. Дар он 14 саҳмдор фаъолият доранд ва хоҷагии деҳқонӣ дорои 8,22 гектар замини корами обӣ мебошад.

Деҳқонон ба боғпарвариву пахтакорӣ машғул буда, дар хоҷагӣ боғи анору себ ва дигар меваҳо мавҷуд аст. Инчунин дар 3 гектар пахта кишт гардида, ҳосили кишоварзон асосан дар бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Хоҷагии деҳқонии “Файзи нур” дорои 6 гектар замини корами обӣ мебошад. Дар ин хоҷагии деҳқонӣ дар 5,2 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ”, аз он ҷумла 1 га байниқаторӣ (дар дохили боғ) кишт карда шудааст.

Раиси вилоят бо нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои зикршуда шинос шуда, барои истифодаи ҳар порча замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҳавасмандсозии кишоварзон ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз фаъолияти пурсамари кишоварзон вобаста буда, дар вилоят барои парваришу истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Деҳқони нав” ва “Файзи нур”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов