Хабарҳо
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 12.08.2020 09:45
Ҳадаф: Беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия - 12.08.2020 09:50
Ғолибияти хонандагони макотиби вилояти Суғд дар озмуни​ фосилавии "Тозагӣ —​ гарави саломатӣ" - 12.08.2020 08:12
Хуҷанд. Тақвияти корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ баҳри пешгирии бемории коронавирус - 11.08.2020 11:47
Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар вилояти Суғд - 11.08.2020 08:38

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

( 0 Овоз )

30 июли соли 2020 машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якум, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар машварат ҷараёни татбиқи супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани тўйҳои домодиву арўсӣ дар тартиби нав, вазъи корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД-19, вазъи интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки бо назардошти мавҷуд будани эҳтимоли мавҷи хуруҷи дуюми коронавирус дар вилоят 1030 кат барои табобат ва 1700 кат барои ба карантин фаро гирифтан омода мебошад. Дар ин замина барои захираи маводи доруворӣ ва либосҳои тиббӣ, тақвияти корҳои безараргардонӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд. Ҳамзамон аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз намоянд.

Раиси вилоят пас аз шунидани гузориши масъулин изҳор дошт, ки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бояд дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ беш аз пеш фаъолнокӣ нишон дода, бо ҳисси баланди хушиносиву ватандўстӣ ва садоқати баланд ба Ватану миллат корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба масъалаҳои ҷаласаи имрўза дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва маҳали зисти аҳолӣ тақвият бахшанд.

Таъкид карда шуд, ки сокинони вилоят бояд донанд ва осуда бошанд, ки роҳбарияти мамлакат, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси дастурҳои Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати ҳалли саривақтии муаммоҳои муваққатӣ вобаста ба маҳдудиятҳои зикргардида ва бартараф кардани онҳо, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода