Хабарҳо
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 12.08.2020 09:45
Ҳадаф: Беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия - 12.08.2020 09:50
Ғолибияти хонандагони макотиби вилояти Суғд дар озмуни​ фосилавии "Тозагӣ —​ гарави саломатӣ" - 12.08.2020 08:12
Хуҷанд. Тақвияти корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ баҳри пешгирии бемории коронавирус - 11.08.2020 11:47
Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар вилояти Суғд - 11.08.2020 08:38

Боздиди Раиси вилоят аз беморхонаи сироятӣ ва беморхонаи клиникавии вилояти Суғд

( 0 Овоз )

30 июл Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи сироятии вилоят ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоистаи табибон ҷиҳати табобати беморони ба коронавирус гирифторшуда изҳори сипос намуда, қайд кард, ки хизматҳои онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.

Ҳамчунин бо назардошти мавҷуд будани эҳтимоли мавҷи хуруҷи дуюми коронавирус, ки алакай дар кишварҳои ҳамсоя ба қайд гирифта шудааст, аз таҷрибаи кории худ хулосаҳои заруриро бароварда, барои пешгирии он ҳамаҷониба омодагӣ бинанд.

Ба масъулини Раёсати тандурустӣ дастур дода шуд, ки маводи доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва лавозимоти тиббиро захира намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода табибонро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфта, ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро таманно кард.

Дар ин рӯз ба табибон маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал кӯмак карда шуд.

Сипас, Раиси вилоят аз беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов боздид кард. Дар беморхонаи мазкур барои табобати мубталоёни бемории КОВИД-19 шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, саҳми табибони ин муассисаи тиббӣ дар муолиҷаи беморон ва пешгирии интиқоли бемории сироятӣ назаррас аст. То ҳол ин беморхона махсус барои табобати гирифторони КОВИД-19 фаъолият дошта, таҷриба ва тарзи муолиҷаву корбарӣ дар давраи пандемия аз ҷониби мутахассисони Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ баҳои баланд гирифтааст. Ҳоло низ дар беморхона беморон таҳти назорати табибон қарор доранд. Кормандони соҳаи тиб, ворисони Абӯалӣ ибни Сино ба таври шабонарӯзӣ дар хизмати халқ қарор доранд.

Раиси вилоят барои фаъолияти шоёни кормандони соҳаи тиб миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён намуда, таъкид кард, ки мардум ба нерӯи зеҳнӣ ва таҷрибаи табибон боварии калон дорад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз беморхонаи сироятӣ ва беморхонаи клиникавии вилояти Суғд