Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров наздик 1000 гектар помидор кишт карда шудааст

( 0 Овоз )

30 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар хоҷагии деҳқонии “Қалъача”-и  Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти парваришу ҷамъоварии помидор шинос гардиданд.

Хоҷагии деҳқонии “Қалъача” яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти истеҳсоли помидор маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо тона помидорро пешниҳоди харидорон менамояд. Аъзои хоҷагӣ имсол масоҳати кишти помидорро ба 1 гектар расонида, ният доранд, ки зиёда аз 50 тонна помидори хушсифат истеҳсол намоянд. Айни замон чиниши помидор ҷараён дошта, помидорҳои истеҳсолшаванда аз 500 грам то 1,5 кг вазн доранд. Маҳсулоти дар инҷо истеҳсолшаванда дорои шакл ва таъми хос аст, зеро заминҳои ин минтақа аз оби мусаффои куҳҳои барфпӯш обёрӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки аъзои хоҷагӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коркарди маҳсулотро низ ба роҳ мондаанд. Истеҳсоли афшура ва консерва аз помидорҳои хоҷагӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мизоҷон пешниҳод гардад.

Ҳангоми боздид ба фаъолияти кишоварзони хоҷагӣ ва тарзи истифодаи замин баҳои баланд дода шуд.  Кишоварзон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Тибқи иттилои масъулин кишоварзони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон дар масоҳати 200 гектар навъҳои серҳосили помидорро кишт карда, дар таъмини бозори истеъмолӣ нақши назаррас гузошта истодаанд.

Таъкид гардид, ки кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти парваришу истеҳсоли помидор таҷрибаи бой дошта, ҳамасола садҳо тонна помидор истеҳсол менамоянд. Деҳқонони ноҳия соли равон дар майдони 25 ҳазору 872,1 гектар зироатҳои гуногун кишт намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 210 гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия наздик 1000 гектар помидор кишту парвариш карда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров наздик 1000 гектар помидор кишт карда шудааст