Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи паррандапарварии ҶДММ «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ карданд

( 0 Овоз )

Имрӯз дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ намуданд.

Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, он аз 7 қисм иборат мебошад ва дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст. Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки корхона дар вилояти Суғд яке аз калонтарин коргоҳҳои хушзоткунии паранда ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар як моҳ 100 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо ва мурғҳои гӯштӣ ба таври автоматӣ назорат карда мешавад.

Гӯшти мурғ дар кишвари мо яке аз маҳсулотҳои серталабот ба шумор рафта, ҷиҳати густариши ин соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ имрӯз самар меорад ва дар мамлакат теъдоди чунин корхонаҳо тадриҷан зиёд карда мешавад.

Бино ба маълумоти оморӣ, танҳо дар вилояти Суғд дар давоми 5 моҳи соли 2019 агар 586,6 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2020 ба 3062,4 тонна баробар гардид. Ин ба он маъност, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон вобаста ба ин масъалаи муҳим, ки як бахши муҳими амнияти озуқаворист, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Бо ба истифода додани фермаи паррандапарварии ҶДММ «Чӯҷаи Байзо», воридоти гӯшти мурғ ба мамлакат боз ҳам коҳиш меёбад.

Зимни боздид Пешвои муаззами миллат ҷиҳати васеъ гардонидани истеҳсолот ва афзоиш додани истеҳсоли гӯшти мурғ ба масъулони соҳаи кишоварзии мамлакат супоришҳо доданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи фермаи мазкур дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар навбати худ паррандапарварон низ ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди коргоҳ як сехи коркарди хӯроки паранда ташкил менамоянд ва ба ин васила шумораи кормандонро зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш медиҳанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи паррандапарварии ҶДММ «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ карданд