Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард

( 0 Овоз )

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии «Сомониён» дар деҳаи Пачбоғи Ҷамоати деҳоти Муҷун ва хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаҳо» дар Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич шинос шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, руйёнидани ҳосили фаровон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишоварзон амал намуда заминро самаранок истифода мебарад. Имсол деҳқонони ноҳияи Деваштич мувофиқи нақша дар майдони зиёда аз 6400 га замин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ картошка кишт намуда азм доранд беш 200 ҳазор тонна ҳосили картошка ба даст оранд. Имрӯзҳо дар саҳро кор бо ҷушу хуруҷ идома дошта кишоварзон тухмиҳои серҳосили маҳалли киштро бо сурат идома дода истодаанд то дар мӯҳлатҳои оптимали киштро ба итмом расонида оқибмонии кишт, ки дар рӯзҳои борони ба амал омад бартараф созанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар сӯҳбат бо деҳқонони варзидаи ноҳияи Деваштич ки дар кишт ва парвариши картошка дар кишвар мақоми хосаро доранд изхор намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кишти картошка диққати ҷидди дода мешавад. Зеро картошка нони дуюм ба ҳисоб рафта барои таъмини амнияти озуқавории кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии об супориш дода шуд, ки деҳқононро бо тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва оби полезӣ саривақт таъмин намоянд.

Аз ҷониби Раиси вилоят кишоварзони пешқадам бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард