Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )

Имрӯз дар ноҳияи Деваштич Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти сохтмони як чанд иншоотҳо, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд дидан намуд.

Имрӯзҳо сокинон ва соҳибкорони ноҳияи Деваштич дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди иншоотҳои зарури ва муҳайё кардани ҷойҳои кори доими пайваста кушиш ба харҷ дода истодаанд.

Бо иқдоми соҳибкорони маҳалли дар Ҷамоати деҳоти Яхтан сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати Хоҷирасул ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати «Нури Дален» бо маром идома дорад. Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки сохтмони иншоотҳо то ҷашни Истиқлолияти давлати ба итмом расонида шуда ба фаъолият оғоз менамояд. Дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доими таъмин гашта бо маҳсулоти хушсифат тухми парранда ва гушти моли калон бозорҳои мамлакатро таъмин менамоянд.

Хамчунин дар ин ҷамоат сохтмони сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченак вазни маҳсулот ва маркази хизматрасони бунёд мегардад. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амали гашта истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастгири ва таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушти соҳибкории ватанӣ ва муҳайё гардидани имтиёзҳои махсусро хоса зикр намуда омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ҷиҳати дастгирии соҳибкори созанда баён дошт.

Амалии шудани чунин иқдомҳо дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодии ноҳия арзёбӣ гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич