Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Санаи 26 майи соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ду нафар ҷавони маъюб, сокинони ноҳияи Деваштичро аёдат намуда, кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим дошт.

Аз ҷумла, аз ҷониби Раиси вилоят навраси маъюб Шаҳина Бадалова ва Гулру Иброҳимова сокини деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтан аёдат карда шуд.

Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоянд ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунанд.

Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳар иду аём барпо мегардад.

Волидайни аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунанд. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд