Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 1 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти фермаи чорводории  хоҷаги ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои нашъунамои пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз фаъолияти фермаи моли калони шохдори хоҷагии Абдураҳим Ҷумаев дар ҷамоати Исфисор шинос шуд.

Дар фермаи мазкур алҳол 370 сар молҳои сиёҳалои тоҷикӣ парвариш меёбанд. Аммо иқтидори ферма барои парвариши зиёда аз 1000 сар моли калони шохдор пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят Рачаббой Ахмадзода аз рафти нигоҳубин ва парвариши чорво шинос шуда ба фаъолияти чорводорон эроди ҷиддӣ гирифта шуд.

Дастур дода шуд, ки шурати пешинаи фермаи хоҷагиро барқарор намоянд. Барои кормандони ферма шароити мусоиди парвариши чорво муҳайе созанд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки таҷрибаи фермаи чорводории хоҷагии Пӯлод Бобокалонов дар дехаи Ғозиён ва Афзали зарзамин дар ҳамин ҷамоатро омӯхта дар амал тадбиқ намоянд. Шумораи моли ширдеҳро зиёд намуда барои таъминоти аҳолии бо шири хушсифат корбарӣ намоянд.

Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии Ҳамробоев саркори ҷамоати деҳоти Зарзамин бо нашъунамои пахта шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ дар майдони 8400 га замин кишти пахта гузаронида шуд. Нашъу намои пахта бо риояи агротехникаи парвариши зироат ҷарен дошта хуб арзёбӣ гардид. Ҳоло деҳқонон бо коркарди байни қатор ва озуқадиҳӣ машғул ҳастанд. Дар ин рӯзҳо аз ҳисоби занҳои хонашин бригадаҳои зарбдор ташкил намуда, онҳо бо кори мавсими ва маоши хуб таъмин карда шудаанд.

Баён дошта шуд, ки пахта ашёи муҳими саноатӣ ва содироти маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз ба парвариш ва ҳосилнокии он диққати аввалиндараҷа додан зарур аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров