Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард

( 0 Овоз )

Имрӯз дар шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар заминаи дастуру супоришҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили сокини шаҳр Нӯъмонҷон Ҳакимов, ки чанде қабл аз бемории сироятии илтиҳоби шуш аз дунё даргузашта буд ташриф овард.

Раиси вилоят ба аҳли наздикону пайвандон изҳори тасаллият намуда, таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро баён кард. Ба аҳли оилаи Нӯъмонҷон Ҳакимов кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

Дар ин рӯз Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳр дастур дод, ки баҳри вусъати корҳои пешгирикунанда дар самти паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоид ва муназзами муассисаҳои тиббӣ фаъолиятро тақвият бахшанд.

Санаи 23 майи дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзилҳои фавтидагон аз бемории сироятии илтиҳоби шуш дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров ташриф оварда, аҳли оилаи онҳоро аёдат намуда, таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонид.

Раиси вилояти Суғд аз ҷумла оилаи фавтидаи бемории сироятии илтиҳоби шуш Қодирова Гавҳар, сокини Ҷамоати деҳоти  Ёва, кӯчаи Охунҷон Исомаддинов №21 ва оилаи фавтида Ғаффоров Маҷид , сокини ҷамоати деҳоти Ёва, кӯчаи Шарқ 49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аёдат намуда, ба аҳли оила изҳори ҳамдардӣ баён дошт ва кӯмаки моддӣ расонда шуд.

Ёдовар мешавем ки тамоми оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат карда шуда ҳамдарди давлату Ҳукумат баён карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард