Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз, 23-юми май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади татбиқи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати ҷавонони имконияти маҳдуд ба шаҳри Бӯстон ташриф овард.

Роҳбари вилоят дар ин рӯз ҷавонони имконияти маҳдуд аз шаҳри Бӯстон Исмоил Муҳаббатов ва Аниса Насимзода аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ, маводҳои озуқаворӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Исмоил Муҳаббатов ба имконияти маҳдуди худ нигоҳ накарда, руҳафтода нашуда, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 2017 бо ихтисоси кибернетик – иқтисодчӣ хатм намуда, пайваста барои аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, машқу тамрин ва обутоби бадан машғул мебошад.

Номбурда пас аз хатми донишгоҳ имрӯзҳо дар Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон муваффақона адои вазифа намуда истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон Аниса Насимзодаро, ки моҳи августи соли 2019 бар асари дучор шудан ба садамаи қатора имконияташ маҳдуд гардида буд ба аёдат омада, номбурдаро бо Рӯзи ҷавонон таҳният гуфт. Аниса Насимзода низ ҳамчун ҷавони боғайрат ба омӯзиши илму дониш ва машғулиятҳои таълимӣ дар хона машғул буда, азм дорад дар баробари забонҳои русӣ ва ангилисӣ дигар забонҳои хориҷиро аз бар намояд.

Ҳамчунин маъюби гурӯҳи якум Ғайбуллоҷон Юлдошев ва Хайрулло Юлдошев сокинони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Гафуров аёдат карда шуданд.

Ҷавонони хушиқбол изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт