Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид

( 0 Овоз )

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан аз ин ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дидан намуда, бо харидорону фурӯшандагон сӯҳбат кард.  Бори дигар таъкид карда шуд,  маҳсулоте, ки дар ин ярмарка пешниҳоди харидорон гардонида шуд нисбати бозор то 30 дарсад арзон буд. Масалан 50 килограм орд 230 сомонӣ, картошка 2,5-4,5 сомонӣ, биринҷ аз 9 то 10 сомонӣ, гӯшти мурғ як килограмм 17 сомонӣ, гӯшти гов 38 сомони, гусфанд 40 сомони ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шуд.

Тибқи супориши Раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру навоҳи барои таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Дар ярмаркаи имрӯза бо ташаббуси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми хайриявии «Нони бепул»  амали карда шуд. Барои аҳолии камбизоат ва ниёзмандон ба микдори зарури зиёда аз даҳ ҳазор нон ройгон тақсим карда шуд.  Аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ руҳияи сокинон  болида гардида, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос ва минатдори баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид