Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19

( 0 Овоз )

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ситоди вилояти назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19, бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода баргузор гашт.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи ситоди вилоятӣ бо роҳбарии  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гашт. Дар он, муовинони раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо,  сардони шӯъбаҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар машварати ситоди вилоятӣ оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ҳисоботи муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ шунида шуд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбари давлат барои солимии ҷомеъа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Таваҷҷӯҳу дастгирии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кушишҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи зокимияти давлатии вилоят Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамбастаги ва заҳмати садоқатмандонаи табибон ва ҳамшираҳои шавқат тавонистанд ба натиҷаҳои назаррас дар  пешгирӣ ва  паҳншавии бемории COVID-19  ноил гарданд.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар вилоят вазъи эпидемологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID - 19 дар шахру нохияхои вилоят ру ба пастрави ниходааст.  Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки но вобаста ба натичахои мусби то пурра аз байн бурдани бемори дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони шахру нохияхо  ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитари гигенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастарас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯи намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои  пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд.

Дар ҷаласаи ситоди вилояти оид ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода баромад намуда изҳор дошт, ки давоми 22 рӯз, ки ҳамчун намояндаи Ситоди ҷумҳуриявии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намуда, ба кори ситоди вилоятӣ ва фаъолияти табибони вилоят баҳои баланд дод. Ба заҳмату  қаҳрамониҳои табибон баҳри пешгирии хуруҷи беморӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос баён дошт.

Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти баҳории сабзавоту полезӣ,  ва картошка, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, омодаги омодагии пойгоххо барои обёри намудани замин ба гардиши кишоварзи даровардани заминхои нав зиёд намудани кишти шоли мавриди  баррасӣ карор гирифт.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва оилаҳои камбизоат бо ташаббуси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зиёда аз 2400 бастаи маводҳои доруворӣ омода карда шуда,  ба бемороне, ки дар хона зери назорати табибони оилавӣ дар  шаҳру навоҳии вилоят табобат мегиранд ройгон дастрас карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19