Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони маъюбу камбизоати шаҳри Хуҷанд аёдат ва ба эшон маблағҳои пулӣ, тӯҳфа ва маводҳои ниёзи аввал дастрас карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини маҳалаи Сирдарё Салимҷон Маҳкамбоев ва сокини маҳаллаи Масҷиди Сурх Гулбаҳор Каримоваро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумо ҷавонон ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доред. Имрӯз рӯзи ид аст, шодиву хурсандӣ намоед.

Зикр гардид, ки бо такя аз фазилати неки моҳи шарифи Рамазон ба ҷо овардани амалҳои хайр, аз қабили хабардор шудан аз ҳоли маризону муҳтоҷон ва маъюбон, ки аҷру савоби бештар дорад ва ин амалҳои солеҳ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии арзёбӣ мегардад, Роҳбарияти шаҳр тасмим гирифт, ки чунин қишри ҷомеаро аёдат намояд. Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон дар ҳамин моҳ савоби бештар дорад. Аз ин лиҳоз мо ба манзили шумо омадем.

Волидайни аёдатшудагон ва худи эшон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунанд. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем. Хайру эҳсони шумо ба рӯзгоратон барака орад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон