Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони Маркази назорати давлатии Санитарии Эпидемологии вилояти Суғд мулоқот намуд

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони Маркази назорати давлатии Санитарии Эпидемологии вилояти Суғд мулоқот намуд.

Дар сӯҳбат бо табибон роҳбари вилоят оид ба дастгирии пайвастии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти кори ёдовар шуд. Баён карда шуд, ки пешгири сироятёбӣ ба бемории пандемияи СОVID-19 аз фаъолияти табибони Эпидемиолог вобастагии калон дорад. Саривақт пешгирӣ ва безраргардонии манбаҳо ё сарчашмаҳои пайдоиши сироят имконият медиҳад паҳншавии беморӣ гирифта шавад. Бинобар маълумоти роҳбари марказ дар вилоят 90 нафар табибони Эпидемиолог фаъолият намуда шабонарӯзи бо супориши ситоди вилоятӣ ва шаҳри оид ба пешгирии бемории нави короновирус —мавзеъҳои осепазир бо маҳлули гипохлориди натрий безаргардонида шуда истодааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки гуруҳҳои сайёр ташкил намуда дар минтақаҳои осепазир корҳои безарагардониро пурзӯр намоянд. Барои ташхиси саривақти ва муайянсозии сироятёбӣ ба бемории COVID-19 иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик лабараторияи муосири вирусологӣ ба кор оғоз мекуна, ки ин имконият медиҳад дар натиҷаи ташхиси дақиқ мубталоёни бемори бо муолиҷа фаврӣ фаро гирифта шуда, паҳншави ва сироятебиро пешгири намояд. Ҳоло корҳои омодаги идома дошта маводҳои зарурӣ барои ташхиси тестӣ ва лабараторӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас карда шуданд.

Ҷоннисориҳои кормандони тибби тоҷик, ки ба савганди худ содиқ монда имруз дар хатти аввал мавзеъҳои осебпазир барои безараргардони ва пешгирии сироятёбӣ фаъолият доранд, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минатдорӣ баён намуда бо фарорасии Иди саиди фитр ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Барои дастгирии табибон маводи аввалияи рӯзгор дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони Маркази назорати давлатии Санитарии Эпидемологии вилояти Суғд мулоқот намуд