Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Дар шаҳри Панҷакент ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Панчакент ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи корӣ Раиси шаҳри Панҷакент, муовинони раиси шахр, роҳбарони сохторҳои қудратӣ,  раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбари давлат барои солимии ҷомеъа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар шаҳри Панҷакент вазъи эпидемологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID - 19 дар шаҳри Панчакент дар ҳолати коҳишёбӣ арзёби карда шуд.  Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитари гигенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастрас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯи намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои  пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти баҳории сабзавоту полезӣ ва картошка, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, омодаги омодагии пойгоҳҳо барои обёрӣ намудани замин ба гардиши кишоварзи даровардани заминҳои нав зиёд намудани кишти шолӣ мавриди  баррасӣ карор гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар шаҳри Панҷакент ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт