Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Хуҷанд: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд

( 0 Овоз )

Санаи 22 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзилҳои якчанд фавтидагон аз бемории сироятии илтиҳоби шуш омада, ба аҳли оилаи онҳо таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонида, кӯмаки моддӣ супорид.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла оилаи фавтидаи бемории сироятии илтиҳоби шуш Аминҷон Ҳотамов, сокини маҳаллаи Сайҳун ва оилаи аз ин беморӣ фавтида Акрам Аслонов, сокини маҳаллаи Масҷиди Савр, кӯчаи ба номи Эшони Шайдо, №93 – и шаҳри Хуҷандро аёдат намуда, ба аҳли хонаводаин ин фавтидагон тасаллият   баён дошт ва кӯмаки моддӣ супорида шуд.

Раиси вилоят дар сӯҳбат ба сокинон изҳор дошт, алҳол бобати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш ва коронавирус дар вилоят тадбирҳои амиқ роҳандозӣ мешаванд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона иҷро менамоянд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, талош меварзанд, ки касе аз ҳаёт маҳрум нагардад.

Ин амали неки Раиси вилоят дар арафаи Иди моҳи шарифи Рамазон боиси дастгирӣ ва пуштибонист.

Бояд кайд намуд, ки дар арафаи Иди саиди фитр барои аёдат ва баён намудани ҳамдардии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шуданд. Ба ҳамаи оилахое, ки аз ин беморӣ наздиконашонро аз даст додаанд кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Хуҷанд: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд