Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Санаи 21 майи соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 – май таҷлил мегардад, якчанд ҷавони маъюб, сокинони ин шаҳри бостониро аёдат намуда, кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим дошт.

Аз ҷумла, аз ҷониби Раиси вилоят сокинони шаҳри Панҷакент Солеҳ Мирзоев – маъюби гуруҳи 1, истиқоматкунандаи хиёбони ба номи Абурарайҳони Берунӣ, №19 ва Сайёҳ Одинаев - маъюби гуруҳи 1, истиқоматкунандаи хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, №84 аёдат карда шуд.

Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоянд ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барҳақ таъкид доштанд, ки «Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони кишвар бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми назаррас мегузоранд. Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд».

Ин иқдоми хайрхоҳона дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Иди моҳи шарифи Рамазон амали нек маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин дар ин рӯз 20 нафар ҷавононе, ки бо амри тақдир маюб ҳастанд, паёми табрикии Раиси вилоятро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон расонида, аёдат карда шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд