Хабарҳо
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56
Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 09:29
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Дар ноҳияи Спитамен ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт - 29.05.2020 20:56
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

( 1 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Муҳтарам иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат!

Соли равон аз хотима ёфтани набардҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва музаффарият бар фашизм  ҳафтоду панҷ сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат, кулли ҳамдиёрони азизро бо фарорасии санаи фаромӯшнопазири Рӯзи Ғалаба сидқан муборакбод менамоям ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Боиси таъкид аст, ки корнома ва далерию матонати падару бобоёни қаҳрамони мо дар бузургтарин фоҷеаи садаи бист, ки дар таърих бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт гардидааст, бемислу монанд буда, онҳо чун аксари халқҳои озодихоҳу сулҳдӯст бар зидди душмани инсоният дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон бурда, ғалабаи комил ба даст оварданд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Боиси ифтихори мост, ки паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд».

Ҳамасола дар санаи 9-уми май таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ шоистаи арҷгузорӣ мебошад, зеро он нишонаи олии дарси ибрат аз шуҷоату мардонагӣ, ҷоннисорӣ, фидокорӣ ва дӯст доштани Ватан ба ҳисоб меравад.

Эҳтироми хотири фарзандони шуҷои Ватан ва қадршиносӣ дар ҳаққи онҳое, ки барои ҳимояи марзу бум ҷони азизи хешро ба гарав ниҳода зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамонро фароҳам овардаанд, вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа буда, насли имрӯзро бояд барои анҷом додани хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намояд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки роҳи пурифтихор ва таҷрибаи зиндагии падарони қаҳрамон барои мо ҷиҳати устувор гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, истеҳком бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир  менамояд, зеро қаҳрамониҳои онҳо ҷовидонист.

Бори дигар, бо эҳтирому самимият собиқадорони муҳтарами ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони сарбаланди вилоятро ба ифтихори Иди Ғалаба  табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдор орзу менамоям.

Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ