Хабарҳо
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56
Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 09:29
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Дар ноҳияи Спитамен ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт - 29.05.2020 20:56
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53

Мулоқоти Раиси вилоят бо табибони Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Санаи 8 майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази саломатии №5 – и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо табибону ҳамшираҳои шафқати ин боргоҳи солимӣ мулоқоти судманд ва суҳбати самимӣ анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи корӣ, шароитҳои қабул ва муолиҷаи беморон, ҳолати таъминот бо лавозимоти зарурии тиббӣ пурсон шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба беморон ва вусъати корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дастуру супоришҳо дод.

Ҳамзамон, Раиси вилоят ба роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят, Маркази вилоятии санитарӣ – эпидемиологии вилоят ва Маркази саломатии мазкур дастур дод, ки бобати таъмини пурраи табибон бо корҷомаю ниқобҳо, мошини хизматии тиббӣ ва хӯроки гарм тадбирҳои мушаххас андешанд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дастгирии муассисаҳои вилоятӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Covid – 19 аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то ин дам беш аз 9,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад.

- Ҳар яки Шумо, табибони ҳозиқ дар ин шабу рӯз бо иродаи қавӣ ва дониши мустаҳками худ софдилона хизмати халқ менамоед ва албатта, ин меҳнати шоиста аз ҷониби давлату Ҳукумат қадршиносӣ мешавад. Таъмини солимии мардум вазифаи масъул ва ифтихорманд аст, - изҳор дошт Раиси вилоят ҳини мулоқот.

Бино ба иттилои муовини сардухтури Маркази саломатии мазкур Мусаббеъ Бобоҷонова алҳол дар марказ 60 нафар табиб, 110 ҳамшираи тиббӣ ба беш аз 53, 4 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Тиллокон, Мевагул, Темурмалик ва ғайраҳо хизмати тиббӣ мерасонанд. Маркази саломатӣ дорои 4 шӯъбаи табибони оилавӣ, маркази солимгардонии репродуктивӣ ва як ташхисгоҳ буда, яке аз калонтарин маркази саломатии шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода худи ҳамин рӯз ба Маркази саломатии №2 – и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо кормандони ин муассисаи тиббӣ мулоқоти судманд ба анҷом расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо табибони Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд