Бахтиёр Эҳсонзода

( 52 Овоз )

сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят

Бахтиёр Эҳсонзода 25 январи соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм намудааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муовини директори ширкати давлатӣ-истеҳсолии «Фирдавс»-и ноҳияи Мастчоҳ оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои иқтисодчии идораи «Пилла» - и вилояти Суғд, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии «Кумитаи тараққиёт»-и ноҳияи Зафаробод, менеҷер-нархгузори шӯъбаи кор бо амволи ба гарав мондашуда ва таҳияи лоиҳаи Сарфилиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хуҷанд, эксперти қарзии сектори хизматрасонии бизнеси калон ва сармоягузории шӯъбаи бонкдории корпоративии мудирияти ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хуҷанд, менеҷери минтақавии шӯъбаи баҳодиҳии хавфҳои бонкии Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2015  то ноябри соли 2017 дар вазифаи муовини роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурдааст. Аз моҳи ноябри соли 2017 сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят таъйин гардид.


Share