Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 26.04.2021 14:39
Баргузории фестивалҳои “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” - 26.04.2021 11:12
Эълони озмуни "Беҳтарин шеър" байни адибони тоҷик - 26.04.2021 10:34
Миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯқанд меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 26.04.2021 10:15
Мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии cарвазирони ҳарду давлат доир гардид - 25.04.2021 21:12
Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ - 23.04.2021 16:35
БИҲИШТЕ ДАР МАСИРИ РУШД - 23.04.2021 10:31
АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД - 23.04.2021 10:29
ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ - 23.04.2021 10:29
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят - 23.04.2021 10:25

Раҷаббой Аҳмадзода

( 141 Овоз )

Раиси вилояти Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи корхонаи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Бо медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ордени “Шараф” дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Аз 13 январи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд ва аз 8 марти соли 2018 Раиси вилояти Суғд таъйин гардид.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Кисту чист! Раҷаббой Аҳмадзода