Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 26.04.2021 14:39
Баргузории фестивалҳои “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” - 26.04.2021 11:12
Эълони озмуни "Беҳтарин шеър" байни адибони тоҷик - 26.04.2021 10:34
Миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯқанд меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 26.04.2021 10:15
Мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии cарвазирони ҳарду давлат доир гардид - 25.04.2021 21:12
Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ - 23.04.2021 16:35
БИҲИШТЕ ДАР МАСИРИ РУШД - 23.04.2021 10:31
АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД - 23.04.2021 10:29
ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ - 23.04.2021 10:29
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят - 23.04.2021 10:25

Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд

( 2 Овоз )


Иттилоот барои робита: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ № 120

Тел: (+99283422) 6-47-41

Хадамот дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, аз ҷумла назорату санҷиши давлатӣ вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

  • иҷрои ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон ва риояи шароитҳои бехатарии меҳнат, инчунин ҳифзи онҳо аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён, шахсони мансабдор ва кормандони дигари масъули корхонаҳо;
  • дуруст ва саривакт пардохт намудани музди меҳнат, таъин ва пардохт намудани нафақа, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;
  • истифодаи дурусти рӯйхати истеҳсолот, касбу корҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо, ки мутобиқи онҳо нафақаи имтиёзнок мукаррар карда шуда, рухсатии иловагӣ дода мешавад;
  • барои додани имтиёзу чубронпулиҳои муқарраршуда, ба кормандони дар корҳои вазнин ё дорои шароити зараровар, хатарнок ва шароити номусоиди меҳнат машғули кор буда, хусусан дар корҳое, ки меҳнати занон ва ҷавонон истифода мешавад;
  • ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ;
  • бозори меҳнат ва шуғли ахолӣ;
  • муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ;
  • суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа;
  • пешниҳоди имтиёзҳо ва чубронпулиҳо барои кор дар шароити номусоиди мехнат ба кормандони корхонаҳо;
  • ҷуброн намудани зараре, ки ба саломатии кормандон расонида шудааст;
  • ҳалли босифати қарорҳои лоиҳавӣ оид ба шароити меҳнат дар лоиҳаҳои сохтмонҳои нав ва корхонаҳои  таҷдидшаванда, муассисаю ташкилот новобаста аз шакли моликияташон;
  • аз тарафи корхонаву ташкилот ва муассисаҳо риоя гардидани қоидаҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири ҳифзи меҳнат, ки ҷароҳатбардориҳои истеҳсолӣ, пайдоиши бемориҳои касбиро пешгирӣ менамояд, инчунин ӯҳдадориҳое, ки шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо пешбини менамоянд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Мақомоти иҷроия Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд